Гндоган дар дақиқаҳои охир ба «Барселона» 3 имтиёз овард
Имшаб дар доираи бозиҳои даври 20-уми Ла Лига бошгоҳи «Барселона» дар сафар бо «Лас Палмаз» вохӯрд.
Бози бо ҳисоби 1:2 бар нафъи «Барселона» ба анҷом расида, қаҳрамони дидор Илкай Гюндоган гардид, ки дар дақиқаҳои охир пеналти кор карда, худ онро дар дақиқаи 91-уми бози ба самар расонид.
Ҳамакнун баъд аз ин ғалаба ва бохти дишабаи «Атлетико Мадрид», «Барселона» ба зинаи севвуми Ла Лига баромада 7 хол аз «Реал Мадрид», ки дар садри ҷадвал аст, ақиб мемонад.